Дар Мактаби муосири байнулмилалии Душанбе ҷоизадорони Олимпиадаи байнулмилалии TeenEagle-ро аз фанни забони англисӣ, ки охири моҳи июн дар Лондон доир гардид, ботантана пешвоз гирифтанд.

Дар Олимпиадаи Лондон 13 нафар хонандагони мактаб ба ҷоизаҳо соҳиб шуданд. Ҳамагӣ 20 нафар хонандагони муассисаи таълимии “Мактаби муосири байнулмилалӣ” ба Олимпиада рафта буданд. Чор нафари онҳо ҷойҳои дуюм ва нуҳ нафар ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.

Хонандаи синиф 9-ум Марям Сафарова бори нахуст дар олимпиада иштирок карда, ҷойи дуюмро ишғол кард
Сурат аз муаллифи хабар

Ба гуфтаи омӯзгорони мактаб Хайём Икромӣ ва Фирӯза Худойдодова, ки хонандагонро ҳамроҳӣ карданд, аллакай се сол инҷониб толибилмони ин муассиса дар ин олимпида иштирок карда, ҷоизаҳо ба даст меоранд.

TeenEagle - олимпадаи байнулмилалӣ аз фанни забони англисӣ барои хонандагони синни аз 8 то 18-сола мебошад. Олимпиада аз ду озмуни асосӣ иборат аст: онлайн-раунд ва финали глобалӣ, ки дар се кишвар - Малайзия, Англия ва Италия баргузор мешавад.

Мутаносибан намояндагони Тоҷикистон дар финали глобалӣ дар Англия иштирок карданд. Қобили зикр аст, ки ба иштирокчиёни финали глобалӣ сертификатҳои Brook House College  ва тахфиф барои пардохти таҳсил (агар дохил шуданӣ бошанд) дар донишгоҳҳои Британияи Кабир ва Brook House College дода мешавад.

Бинои аввали “Мактаби муосири байнулмилалӣ” соли 2021 боз шуд. Бинои дуюми муассиса соли 2022 бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

“Омӯзгорону хонадагони мо бар асоси озмун ба кору таҳсил қабул шуда, фаъолияти муассиса аз рӯи Барномаи таълимии Кембриҷи Британияи Кабир ба роҳ монда шудааст”, - зикр кард директори мактаб Обид Расулов.

Хонандагони "Мактаби муосири байнулмилалӣ" дар Душанбе
Сурат аз муаллифи хабар

Ба иттилои ӯ, дар мактаб барои таълиму тарбияи наврасон мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, таълим бо забонҳои русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин мебояд гуфт, 20%-и хонандагон ва омӯзгорони мактаби мазкур шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.