Рӯзҳои истироҳати оянда - 15-16 июл дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ярмаркаҳо дар боғҳои зерини пойтахт барпо мешаванд:

Рӯзи шанбе, 15 июл дар Боғи фарҳангу истироҳати “Хайём” маҳсулоти кишоварзони Панҷакент, дар боғи фарҳангу истироҳати “Боғи кӯдакон” - деҳқонони ноҳияи Ашт, дар боғи “Куруши Кабир” - кормандони соҳаи кишоварзии шаҳри Норак ба намоишу фурӯш пешкаш мешавад.

Рӯзи 16 июл дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ) маҳсулоти кишоварзони шаҳри Исфара, дар боғи “Кӯли ҷавонон” - маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар боғи “Алишери Навоӣ” - маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Хуросон ба маърази тамошо фурӯш гузошта мешавад.

Дар Вазорати кишоварзӣ зикр мекунанд, ки дар ин ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор фурӯхта мешавад.

Масалан, 1 кило картошка 4-4,50 сомонӣ, пиёз — 1,80-2 сомонӣ, сабзӣ — 3 сомонӣ, 1 кило гӯшти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мева — аз 2 то 5 сомонӣ, 1 дона тарбуза — 10-12 сомонӣ, 5 литр равған — 65 сомонӣ ва як халта орд (50 кило) — 210 сомонӣ нарх хоҳанд дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.