Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи тоҷик дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар ин бора Додситонии кули кишвар зимни посух ба дархости хаттии хабаргузории “Азия-Плюс” хабар додааст.

Ин ниҳод тасдиқ кардааст, ки Абдуқодири Рустам рӯзи 31-уми август боздошт гардидааст, аммо бо ишора ба моддаи 177 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва модаи 6, банди “ж” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” аз пешниҳоди маълумоти бештар худдорӣ намудааст.

Ҳамчунин, Додситонии кул таъкид кардааст, ки тибқи талаботи моддаи 15 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад.

Бояд гуфт, ки қаблан як манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти қудратӣ гуфта буд, боздошти Абдуқодири Рустам ба таҳқиқи парвандаи Абдухалил Холиқзода, соҳибкори тоҷик ва мудири Бемористони “Ибни Сино” рабт дорад ва нависанда пештар дар доираи ин парванда чанд маротиба бозпурсӣ шуда буд.

Тахмин меравад, ки боздошти Абдуқодири Рустам ба нашри китоби Абдухалил Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” рабт дорад, ки моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд. Дар китоби мазкур муаллиф ба Абдуқодири Рустам вироиш ва тасҳеҳи матн арзи сипос кардааст.

Наздикони Абдуқодири Рустам бо расонаҳо дар ин бора суҳбат намекунанд.

Абдуқодири Рустам, ки бо пайванд бо ин китоб боздошт шудааст, 65 сол дорад ва дар гузашта дар нашриёти “Ирфон” кор карда, як муддат рӯзноманигорӣ ҳам кардааст. Вай муаллифи чанд роман ва омодакунандаи “Девон"-и Рӯдакӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, Абдухалил Холиқзода бо иттиҳоми барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ боздошт шудааст ва ӯ супориш дод, ки ӯро ба ҳабс гиранд.

Назари худи Абдухалил Холиқзода ва пайвандони ӯ нисбати ин иттиҳом маълум нест. Наздикони Холиқзода аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд.

Ин китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки дар он муаллиф аз фазои номусоиди соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ кардааст.

Баъзе аз бахшҳои китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён оварда буд ва муаллифро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст. Ин гуфтугузорҳо баҳси маҳалгароиро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард.

Абдухалил Холиқзодаи 57-сола хатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ баъди чанд соли кор дар хориҷи кишвар, махсусан Ҳиндустон дар соли 2008, ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ Бемористони “Ибни Сино”-ро таъсис дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.