Давоми 3 моҳи охир дар Тоҷикистон ягон табиб ё ҳамшираи тиб тарки соҳа накардаанд. Аз омори ба ҳафтаномаи “Истиқлол” пешниҳодкардаи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки маълумоти 3 моҳ пеш дар нишасти матбуотӣ ироакарда айнан такрор шудааст, чунин хулосаи мантиқӣ метавон баровард.

Се моҳ пеш дар нишасти матбуотӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки дар 6 моҳи соли равон 70 табиб ва 343 ҳамшираи тибби тоҷик тарки соҳа карда, ба хориҷи кишвар, махсусан ба Русия рафтанд. Айнан ҳамин рақамро вазир дар мусоҳибаи охири худ бо ҳафтаномаи “Истиқлол” низ такрор кардааст.

“Масалан, агар танҳо давоми соли 2022 зиёда 548 табиб ва 1187 корманди миёнаи тиб аз мамлакат ба хориҷи кишвар рафта бошанд, танҳо дар давоми нӯҳмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 70 табиб ва 343 ҳамшираи тиб ба хориҷи кишвар рафтаанд”,- гуфтааст вазир.

Аз ин гуфтаи вазир бармеояд, ки давоми 3 моҳи охир дар Тоҷикистон ягон табиб ё ҳамшираи тиб тарки соҳа накардаанд ва ҳамин тавр, ба хориҷи кишвар нарафтаанд.

Дар ин мусоҳиба Ҷамолиддин Абдуллозода бори дигар таъкид мекунад, ки сабаби аслии тарки соҳа намудан ва ё ба дигар кишвар рафтани мутахассисони соҳаи тиб баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи корӣ буда, аксар ҳамшираҳои тиб ба Русия, ба назди оилаи хеш рафтаанд.

Се моҳ пеш дар нишасти матбуотӣ вазир гуфта буд, ки яке аз сабабҳои тарки соҳа кардану ба хориҷа рафтани табибон “пешниҳоди имтиёзҳои кишвари қабулкунанда, аз ҷумла додани хона, маоши зиёд ва имтиёзҳо ба фарзандони онҳо аст”.

Ҳамчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода ба ин нашрия гуфтааст, ки тарки соҳа кардан ва ё ба давлатҳои хориҷ рафтани кормандони соҳаи тиб як амри маъмулист ва инро касе инкор карда наметавонад.

Ҷамолиддин Абдуллозода

Аммо, ӯ таъкид намудааст, ки “давоми солҳои охир шумораи табибоне, ки ба хориҷи кишвар мераванд, ба маротиб коҳиш ёфта истодааст”.

Ба қавли вазири тандурустӣ “шумораи табибоне, ки аз кишварҳои хориҷ барои идомаи фаъолияти корӣ ба Тоҷикистон меоянд, дар ҳоли афзоиш қарор дорад”. Вале ӯ аз омори мушаххасе ном наовардааст.

Дар нишасти матбуотии се моҳи пеш Абдуллозода иттилоъ дода буд, ки “дар ин давра 72 табиб ва 51 ҳамшираи тиб аз дигар давлатҳо баргашта, фаъолияти худро дар Тоҷикистон давом медиҳанд”.

Дар умум, ба иттилои се моҳ пеш ироакардаи вазир, дар Тоҷикистон 2 ҳазору 298 табиб ва 575 ҳамшираи тиб намерасанд.

Ёдовар мешавем, ки баҳси тарки соҳа кардани табибону ҳамшираҳои тиб ва ба хориҷи кишвар рафтани онҳо солҳост дар кишвар идома дорад. Коршиносон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои асосии аз кор рафтани кормандони тиб дар Тоҷикистон кам будани маош аст.

Тибқи омори расмӣ, шаш моҳ пеш маоши миёнаи табибон дар Тоҷикистон 1550 сомонӣ ё 142 доллари ИМА буд, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин ба ҳисоб меравад.

Табибони тоҷик аз ҳисоби даромади хидматрасониҳои пулакии муассисаҳои тиббӣ ба ҳисоби миёна аз 400 то 1500 сомонӣ иловапулӣ мегиранд. Бо назардошти ин, масъулини расмӣ ҳамеша зикр мекунанд, ки сол аз сол маоши табибон баланд мешавад ва соҳа камбуди ҷиддии кадрӣ надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.