Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ шаби гузашта, дар сини 91-солагӣ, дар Маскав вафот кард. Ӯ бар асари бемории тӯлонӣ дар бемористон даргузашт.

Расонаҳои русӣ менависанд, ки Михаил Горбачёв пас аз оғози бемории коронавирус ҳамеша зери назорати духтурон қарор дошт ва пайваста дар бемористон бистарӣ мешуд.

Гуфта мешавад, ки ӯро дар қабристони Новодевиче, паҳлӯи ҳамсараш Раиса Горбочёва дафн хҳанд кард.

Михаил Горбачёв охирин роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки аз 1985 то 1991 қудратро дар даст дошт. Дар замони роҳбарии худ ӯ ба бозсозӣ оғоз намуд ва қолабҳои сангини то ин дам шаклгирифтаро шикаст.

Ҳамчунин, ӯ муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравиро бо давлатҳои Ғарб, аз ҷумла бо ИМА сода ва наздик намуд.

Мунаққидонаш Михаил Горбочёвро гунаҳкори аслии пошхӯрии давлати пуриқдори Иттиҳоди Шӯравӣ медонанд, ки дар пай ҷангу муноқиша ва заифшавии иқтисодиро дар қаламрави давлатҳои аъзои ин иттиҳод дошт.

Горбачёв 2 марти соли 1931 дар деҳаи Приволнои минтақаи Ставропол таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав буда, баъди хатми донишгоҳ солҳо дар мақомҳои гуногуни Ҳизби коммунист кор кардааст. Михаил Горбачёв соли 1956 котиби якуми Ҳизби комунисти шаҳри Ставропол ва соли 1970 вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

Баъди даҳ сол ба узвияти Бюрои сиёсии КПСС ворид шуд ва соли 1985 Михаил Горбачёв дар синни 54-солагӣ роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид.

Соли 1990 Михаил Горбачёв барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид. Декабри соли 1991, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ аз мақоми президенти ин кишвар канор рафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.