Расонаҳои давлатии Сурия хабар доданд, ки ба бузургтарин фурудгоҳҳои ин кишвар дар шаҳрҳои Димишқ ва Ҳалаб ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст.

Манбаъҳои низомии расонаҳо гуфтаанд, зарбаҳо ба фурудгоҳҳои Сурияро неруҳои ҳавоии Исроил анҷом дода, дар натиҷа хатти парвозҳо дар ҳар ду фурудгоҳ осеб дидаанд. Фаъолияти ҳар ду фурудгоҳ қатъ шудааст.

Димишқи расмӣ дар робита ба ин хабарҳо то ҳол изҳорот надодааст. Агар ин хабар тасдиқ шавад, сухан аз нахустин зарбаҳои Исроил ба Сурия баъд аз ҳамлаи гуруҳи фаластинии “Ҳамос” ба Исроил меравад.

Мақомоти Сурия, ки бо Исроил созишномаи сулҳ набастаанд, аз ҳамла ҷонибдорӣ карда буданд.

Рӯзи 7-уми октябр ва баъди ҳамлаи ҳаракати Ҳамос ба Исроил, миёни ду тараф даргирӣ сар шуд. Дар ин ҷанг, ки панҷ рӯз аст идома дорад, аз ду тараф беш аз 2 ҳазор нафар кушта ва садҳо нафар маҷруҳ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.