Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар умури иртиботот дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, ки Амрико, Миср, Қатар ва Исроил дар бораи шартҳои умумии тавофуқ дар бораи раҳоии гаравгонҳо ва оташбаси муваққат дар Ғазза ба созиш расиданд. Дар ин бора Би-би-сӣ хабар медиҳад.
Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфтааст, ки музокирот ҳанӯз идома дорад ва Қатару Миср бояд бо Ҳамос ба таври ғайримустақим музокира кунанд.
Аммо дар ҳамин ҳол, ба гузориши расонаҳо артиши Исроил тарҳеро ба кобинаи ҷангии ҳукумати ин кишвар ироа кардааст, то мардуми осоиштаи Фаластиниро аз Рафаҳ, ҷанубтарин шаҳри Ғазза кӯчонад. Ин пешниҳод пас аз он садо дод, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, бо вуҷуди нигарониҳои шадиди ҷаҳонӣ аз вазъи тақрибан 1,5 миллион нафаре, ки дар Рафаҳ паноҳ бурдаанд, таъкид кард, ки ба ҳамлаҳои низомӣ идома хоҳад дод.
Нетаняҳу таъкид кард, ки ин амалиёти низомӣ метавонад дар тӯли чанд ҳафта кишварашро ба “ғалабаи комил” алайҳи Ҳамос расонад. Ӯ изҳороти худро пас аз нашри гузоришҳо дар бораи он, ки миёнаравҳои байнулмилалӣ дар Порис талош доранд, чаҳорчӯба барои хатми ҷанг ва раҳоии гаравгонҳо эҷод кунанд, баён кард.
Ин дар ҳолест, ки Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ҳамчунин гуфтааст, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, аз тарҳи Исроил барои интиқоли беш аз як миллион паноҳҷӯёни фаластинӣ аз Рафаҳ ба манотиқи дигари Ғазза хабар надорад.
Как защитить лёгкие от городской пыли? Советы таджикского пульмонолога
Учителя английского языка пройдут цикл повышения квалификации на основе новых методик
В Душанбе в результате поножовщины ранены два брата
Таджикистан и Азербайджан заключили документы на $700 миллионов
К каким последствиям может привести гибель двух высокопоставленных политиков Ирана?
Кто поддержит социальный бизнес в Таджикистане?
Обвиняемые в теракте в «Крокусе» не стали оспаривать продление ареста
С 11 июня вырастет плата за выдачу шенгенской визы
В Таджикистане в два раза снизилась цена на карбамид
Тихоходный экспресс. Как продвигается ускоренная индустриализация в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста