Аз ҷониби мақомоти молияи Тоҷикистон барои дастгирии арзи миллӣ ба бозори асъор дахолатҳо сурат гирифтанд, ки ба коҳиши захираҳои байнулмилалии кишвар боис гардид, гуфта мешавад дар гузориши ахири Бонки ҷаҳонӣ (БҶ).

Дар гузориш зикр мегардад, ки дар натиҷаи дахолат ба бозори асъор дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ захираҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ аз 3,8 млрд доллар дар охири соли 2022 то ба 3,2 млрд доллар дар нимаи соли 2023 кам шуданд.

Бо вуҷуди ин, муаллифони гузориш ин захираҳоро кофӣ - дар сатҳи 6,5 моҳи рӯйпӯш кардани воридот арзёбӣ мекунанд.

Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Фирдавс Толибзода моҳи августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки то охири нимсолаи аввал захираҳои байнулмилалӣ 6,9 моҳи рӯйпӯши воридотро ташкил доданд. Ба гуфтаи ӯ, қисмате аз ин захираҳо дар сурати зарурат ба дастгирии асъори миллӣ равона карда мешавад.

Тибқи арзёбии муовини аввали раиси Бонки миллӣ, ҳаҷми мавҷудаи захираҳои байнулмилалӣ аз меъёрҳои кифоят зиёд аст.

Бино ба маълумоти БМТ, қурби расмии доллари ИМА нисбати сомонӣ ба андозаи 7% - аз 10,2024 сомонӣ дар рӯзи 31 декабри соли 2022 то 10,9140 дар рӯзи 30 июни соли 2023 (барои 1 доллар) боло рафт.

Рӯзи 18 октябр қурби сомонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 10,9595 муқаррар шудааст.

Дар Бонки миллӣ зикр мекунанд, ки дар нимсолаи аввал ба сиёсати қурбие, ки бар реҷаи “қурби шинокунандаи танзимшаванда  бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асос ёфтааст, идома доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.