Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) то охири нимсолаи якуми соли равон 6,9 моҳи сатҳи рӯйпӯши воридотро ташкил медиҳанд, хабар дод раиси БМТ Ҳоким Холиқзода зимни нишасти матбуотии имрӯза.

Ҳаҷми миёнаи моҳонаи воридоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи маълумоти Агентии омор, 456 млн долларро ташкил додааст.

Холиқзода зикр кард, ки қисмате аз ин захираҳо агар лозим шавад, ба дастгирии қурби асъорӣ миллӣ равона гардида, зимни зарурат захираҳои мазкур аз ҳисоби харидҳо дар бозорҳои дахлдор зиёд карда мешаванд.

Ба сурати умум, таъкид дошт ӯ, захираҳои байнулмилалии БМТ аз меъёрҳои кифоят, ки барои кишварҳои сатҳи рушди Тоҷикистон муайян шудаанд (кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо сатҳи даромади пасттар аз миёна, - эзоҳи муаллиф), зиёд мебошанд.

Қаблан аввали моҳи апрели соли равон Холиқзода хабар дода буд, ки 86%-и захираҳои байнулмилалии БМТ-ро қисмати асъор бо шумули Ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ - воситаи захиавӣ ва пардохтии Хазинаи байнулмилалии асъор ташкил медиҳад.

Ӯ таъкид дошта буд, ки ба сохтори захираҳои байнулмилалӣ соли гузашта инчунин евро ва юани Чин шомил гардиданд.

Ба гуфтаи Холиқзода, тиллои монетарӣ (пулӣ) дар захираҳои Бонки миллӣ 12% ва сандуқи сармоягузории хориҷӣ - 2%-ро ташкил медиҳад.

Дар гузориши аввали моҳи июл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, вуруди ҳаҷми зиёди асъор ба Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба афзоиши захираҳои тиллову асъори кишвар мусоидат кард.

Зикр шуд, ки дар соли 2022 ҷумҳурӣ ин захираҳоро ба андозаи 37% - “тақрибан то 3,8 млрд доллар” зиёд кард.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари Бонки миллӣ, Вазорати молия низ захираҳои тиллову асъори худиро дар ихтиёр дорад.

Қисмати асъори захираҳои байнулмилалии кишвраҳои ҷаҳон аз ба истилоҳ “асъори захиравӣ” иборат аст. Мақоми асъори захиравиро Шӯрои мудирони Хазинаи байнулмилалии асъор медиҳад.

Айни замон доллари ИМА, евро, фунт стерлинг (GBP), франки швейтсарӣ (CHF), йенаи Ҷопон (JPY) ва юани Чин (аз соли 2015) чунин мақомро доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.