Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Помир Медиа» - Дар Хоруғ иҷрои як лоиҳа марбут ба «Муайян намудани вазъи ҳуқуқи кӯдакони имконияти маҳдуд дошта ба маориф» рӯи даст гирифта шудааст.

Ба гуфтаи мушовири барнома Ҷамол Худодов лоиҳа бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии вилоятии «Нур» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти шаҳрии «Маркази нур» амалӣ мешавад.

Лоиҳа бо дастгирии Бюрои ҷумҳуриявии ҳимояи ҳуқуқи инсон то охири моҳи октябр ба анҷом мерасад.

Ҳисобот ба маърӯзаи Бунёди кӯдакони СММ дар мавриди вазъи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон дохил карда мешавад.

Ҳамчунин дар навоҳии Мурғоб, Икошим ва Роштқалъа низ вазъи ҳуқуқи кӯдакон мавриди омӯзиш қарор мегирад.