Раъйдиҳии пешазмуҳлат дар интихоботи президентии Ӯзбекистон, ки қарор аст, 4 декабри соли равон баргузор шавад, шурӯъ шуд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, довталаби асосии курсии раҳбари Ӯзбекистон сарвазир Шавкат Мирзиёв буда, Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократӣ, Сарвар Отамуродов аз Ҳизби "Миллий Тикланиш", Наримон Умаров аз Ҳизби "Адолат" низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кардаанд.
Гуфта мешавад, президенти ояндаи Ӯзбекистон барои 5 сол интихоб мешавад. Бар пояи қонунгузории ин кишвар, раъйдиҳии пешазмуҳлат 10 рӯз пеш оғоз ёфта, то як рӯз мондан ба интихобот идома хоҳад ёфт.
Дар ин ҳамсоякишвар 21 миллиону 435 ҳазор раъйдиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Дар саросари Ӯзбекистон 9378 қитъаи овоздиҳӣ таъсис ёфта, 44 нуқтаи дигар дар намояндагиҳои ин кишвар дар 28 давлати дунё боз хоҳад шуд.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста