Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист, дастур додааст, ки истифодаи нақлиёти ҷамъиятии то соли 2008 истеҳсолшуда дар пойтахт манъ карда шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, ин дастур аз 20 марти соли 2017 мавриди амал қарор мегирад.

Ғайр аз ин, раиси пойтахт супориш додааст, ки то 25 декабр масъалаи марбут ба таъмини ронандагони воситаҳои наклиёти ҷамъиятӣ бо сарулибоси махсус пурра ҳаллу фасл шавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҳамарӯза дар 93 хатсайр 197 автобус, 60 троллейбус ва беш аз 2 ҳазору 250 микроавтобусҳо ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ тариқи нақлиёти ҷамъиятӣ ба 235,9 миллион мусофирон хизматгузорӣ шудааст.