Идораи "Роҳи оҳани Қазоқистон" тарофаҳои равуои қатораҳои Қирғизистонро ба Русия ба таври фаврӣ арзон мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба мақомоти роҳи оҳани Қазоқистон, шуруъ аз 10 январ шароити мусоиде барои равуои қаторҳо ба Қирғизистон, аз Қирғизистон тавассути ҳудуди Қазоқистон фароҳам шудааст.

"Роҳи оҳани Қазоқистон" қимати равуои қаторҳои Қирғизистонро кам кард, зеро ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил мешавад. Шуруъ аз 13-14 январ тарофаҳои нав амалӣ мешаванд, зеро мо соли гузашта инро ваъда дода будем", - гуфтаанд мақомоти роҳи оҳани Қазоқистон.

Гуфта мешавад, интиқоли як вагони ҳомили маҳсулоти гӯштӣ аз Қирғизистон то Русия (масофаи 2021 километр) пештар 5155 доллари ИМА арзиш дошт, баъди ҷорӣ шудани тарофаҳои нав 1820 доллар хоҳад буд.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, зарареро, ки дар пайи пойин бурдани тарофаи қаторҳои Қирғизистон мерасад, аз ҳисоби афзудани шумори қаторҳо ҷуброн мекунанд.