Моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
Девони вазирони Ӯзбекистон 18-уми сентябр қарори дахлдор дар бораи боз шудани бинои нави намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро қабул кард. Тибқи он рӯзи 1-уми октябри соли 2022 бинои нави сафорат дарҳои худро мекушояд. Дар ин бора Газета.uz хабар медиҳад.
Мувофиқи созишномаи ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар, ки моҳи августи соли 2018 ба имзо расид, барои бунёди бинои нави сафорати ҳамсоякишвар қитъаи замини масоҳаташ 1,2 гектар ҷудо шудааст.
Бунёди як маҷмааи мукаммал - бинои сафоратхона, бинои алоҳида барои қабули шаҳрвандон аз рӯйи масоили консулгарӣ, қароргоҳи сафир, постгоҳҳои назоратӣ, бахши муҳандисиву техникӣ, иншооти варзишӣ, таваққуфгоҳҳои кушода ва болопӯш барои автомашинаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Мутобиқи созишнома, қаламраве, ки дар он сафорати Тоҷикистон дар Тошканд сохта мешавад, дар маҳаллаи Себзор воқеъ аст. Барои сохтмони сафоратхонаҳои Ҳиндустону Чин ва Тоҷикистон як сол пеш дар ин ҷо 79 манзили хусусӣ кӯчонида шуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон айни замон дар кӯчаи Абдулло Қаҳҳор 61 ва сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар кӯчаи Саноӣ 30 воқеъ мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста