Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9-уми апрел бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, дар ҳошияи муҳокимаи паҳншавии глобалии коронавируси нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар дар бораи вазъияте, ки имрӯз дар ду мамлакат ба миён омадааст, маълумот доданд.
Президенти Тоҷикистон бо зикри вокуниши саривақтии Қазоқистон ба паҳншавии ин сирояти хатарнок, ба тадбирҳои қатъие, ки аз ҷониби роҳбарият ва ҳукумати Қазоқистон андешида шуданд, баҳои баланд дод.
Сарони ду давлат бо нигаронӣ оид ба равандҳои ҳарчи бештар ба буҳрон фурӯ рафтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва оғози таназзули нави глобалӣ изҳори ақида карданд.
Зимнан аҳаммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо пайомадҳои пандемияи коронавирус таъкид гардид.
“Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва мамлакатҳои моро анъанаҳои дерини муносибатҳои нек ва дастгирии тарафайн мепайванданд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин ҳошия ба ҳукумат ва роҳбарияти Қазоқистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар ин давраи мушкил изҳори сипос карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти барвақтии меваю сабзавот дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин интиқоли пиёз иброз дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Душанбе як духтар фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста