Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбонв ба коронавирус мубтало шудааст.

"Дар ҳоли ҳозир Нурсултон Назарбоев дар гушанишинӣ қарор дорад. Мутаассифона, натиҷаи санҷиши вируси ӯ мусбат баромад. Вале ҷои нигаронӣ надорад", - иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи расмии президенти нахустини Қазоқистон.

Ба иттилои манбаъ, Назарбоев, ки ҳоло раҳбарии Шӯрои амнияти ин кишварро бар зимма дорад, корҳояшро фосилавӣ анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти қазоқ хабар додаанд, ки дар шаҳри Нурсултон се нафари дигар - як марду ду зан аз коронавирус ҷон бохтанд. Ҳамин тариқ, шумори умумии қурбониёни вируси корона дар ин кишвар ба 100 расид.

Бино ба омори расмӣ, бештари ҳолатҳо дар пойтахти Қазоқистон ба қайд гирифта шуда, ҷамъан 24 сокини Нурсултон фавтидаанд. Дар Алмато 15, дар вилояти Павлодар 13 ва дар Чимкент 12 ҳолат сабт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони мадании қазоқ мегӯянд, шумори маргу мир аз вируси корона аз шумори қабрҳо дар мазорҳои махсуси дафни қурбониёни коронавирус дар Алмато, Нурсултон ва Чимкент фарқ мекунад.

Танҳо дар қабристони махсуси дафни қурбониёни COVID-19 дар наздикии шаҳри Алмато дар 2,5 ҳафтаи охир шумори қабрҳо аз 38 ба 64 расидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои расмӣ, дар ин ду ҳафтаи охир дар вилояти Алмато касе аз коронавирус нафавтидааст.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус ё худ COVID-19 дар Қазоқистон то имрӯз ба беш аз 22 ҳазор расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.