Дар назар аст то ҷашни 30-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳи оҳан бунёд шавад.
Ин нуктаро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як ҷаласаи вижа, рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Панҷакент иброз доштааст.
“Мо бо вазири саноат ва технологияҳои нав маслиҳат кардем. Нақша омода шудааст ва айни замон дар ҷустуҷӯи сармоягузор ҳастем. Дар оянда тариқи ин роҳи оҳан мо метавонем маҳсулоти худро ба хориҷ барорем. Дар ноҳияи Айнӣ конҳои ангишт ҳаст, мо метавонем ангишти ин ноҳияро ба берун содирот кунем. 20 киллометрашро мо, боқимондаашро худи давлати ҳамсояи Ӯзбекистон бунёд мекунад”, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Қаблан то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, як лоиҳае мавҷуд буд, ки бояд роҳи оҳан миёни Самарқанду Панҷакент сохта мешуд. Беш аз 50%-и корҳо омода шуда буд. Аммо баъди барҳамхӯрии СССР ин лоиҳа нотамом боқӣ монд.
Дар гузашта ҳам талошҳои бунёди роҳи оҳан миёни Панҷакент у Самарқанд шуда буд. Соли 2004 Ҳукумати шаҳри Панҷакент дар ҳамдастӣ бо ширкати «Сам Бу» аз кишвари Куриёи Ҷанубӣ барои васли манотиқи водии Зарафшони Тоҷикистон бо хатти роҳи оҳани Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанди он кишвар иқдом карда буд.
Ширкати куриёӣ, ки мехост дар Панҷакент як корхонаи муштарак барои истеҳсоли нурии минералии фосфорид бунёд кунад, гуфта буд, барои кашидани хатти роҳи оҳан то шаҳри Самарқанд то 200 миллион доллари амрикоӣ сармоя лозим аст.
Он замон шаҳрдории Панҷакент гуфта буд, ки намояндагони ширкати «Сам Бу» ин тасмими худро ахиран баъди анҷоми як мулоқот бо мақомоти ҳукуматҳои Панҷакент ва вилояти Самарқанди Узбакистон изҳор доштаанд.
Ин ширкати курёӣ он замон барои дарёфти иҷозаи бунёди хатти роҳи оҳан ба давлати Тоҷикистон муроҷиат карда буд. Вале ин тарҳ ба далели сардиҳое, ки дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон он замон ба вуҷуд омада иҷроӣ нашуд.
Миёни Самарқанду Панҷакент ҳамагӣ 60 км роҳ аст, ки дар ҳоли ҳозир роҳи мошингарди миёни ду шаҳр фаъол аст ва молу колои воридотиву содиротӣ тавассути он ҳамлу нақл мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста