Сара Назарбоева, ҳамсари расмии собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз насаб (фамилия)-и ӯ даст кашид, хабар медиҳад Arbat.media.

Тавре ки Telegram-канали Shishkin_like хабар медиҳад, дар бораи бекор шудани ақди никоҳи Нурсултон Назарбоев ва Сара Назарбоева иттилои расмӣ нашр нашудааст ва дар дар сомонаҳои расмии фонди Нурсултон Назарбоев ва президенти аввал nazarbayev.kz дар бораи он, ки Сара Алписовна мисли пешина ҳамсари президент аст, маълумот ҷойгир карда шудааст.

Тибқи феҳристҳои тиҷорат, собиқ хонуми аввали кишвар ҳамчун соҳибкори инфиродии корхонаи “Назарбоева Сара Алписовна” ба қайд гирифта шуда (17 феврали 2017), роҳбари он Қонақай Сара Алписқизи мебошад. Ин номи духтарии ӯ пеш аз издивоҷаш бо Нурсултон Назарбоев дар соли 1962 аст.

Гуфта мешавад, ҳамсари расмии Назарбоев дар байни солҳои 2005 ва 2012 насабашро иваз кардааст, "бо назардошти он, ки вай дар депозитарияи ҳисоботи молиявии Вазорати молия дар шахсони вобастаи ҶС “Бахши фаръии Бонки Халики Қазоқистон оид ба суғуртаи ҳаёт Halyk-Life” аз 4 феврали соли 2012 сабт шудааст».

Дар соли 2005 вай то ҳол бо номи Назарбоева дар рӯйхати филиалҳои ҶС “Холдинговая группа «Алмэкс» аз 19 сентябри соли 2005 қарор дошт, ки онро домодаш Тимур Қулибоев сарварӣ мекард.

Саҳифаи Instagam-и муассиси фонди хайрияи “Бобек” аз 15 апрели соли 2018 навсозӣ нашуда, дар он ҷо насаби ӯ Назарбоева аст.

Сара Алписовнаи 82-сола бо Нурсултон Назарбоеви 82-сола се фарзанд доранд: Дариғаи 59-сола, Алия Назарбоеваи 43-сола ва Динора Қулибоеваи 55-сола.

Хабаргузории КазТАГ рӯзи 15 апрел иттилоъ дод, ки дар интернет бобати нафаре бо номи Тауман Назарбоев, ки "писари ғайриқонунии Нурсултон Назарбоев" номида шудааст, маълумоти муфассал нашр мешавад.

“Тауман Нурсултанули - писари Назарбоев аз зани сеюми ғайрирасмӣ Асел Қурмонбоева (Мисс Қазоқистон-1999)  мебошад. Тауман 18-сола аст. Асел Қурмонбоева соли 2008 барои Назарбоев писари дуюм - Байкенро низ ба дунё овард.

Асел Қурмонбоева
Сурат: zolya.ru

Сокинони Остона кайҳост мегӯянд, ки Тауман бо А.Майдонова (соли таваллудаш 2005) никоҳ кардааст. Падари Майдонова - Алмасадам Саткалиев баъди ба вохӯриҳо оғоз намудани духтараш бо Тауман вазири энергетикаи Қазоқистон шуд”, - зикр мегардад дар навори видеои интернет.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.