Шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 эълон шуд. Дар ин бора Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар 12-умин конфронси вазирони фарҳанги ҷаҳони исломӣ дар мавзӯи “Ба сӯи таҷдиди фаъолиятҳои фарҳангӣ дар ҷаҳони ислом” дар Қатар қабул шудааст.
Дар конфронс масъалаҳои марбут ба принсипҳои пешбари сиёсати ҷаҳонии фарҳангӣ ва нишондиҳандаҳои рушди устувор, қадр кардани сарватҳои зинда ва донишҳои суннатии башар дар ҷаҳони ислом ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии сарватҳои маънавиву фарҳангӣ баррасӣ шудаанд.
Озодбек Назарбеков дар телеграм-канали худ навиштааст, ки бе муболиға солҳои охир ҷомеаи ҷаҳон рушди маориф, илм ва фарҳангро амиқтар дарк намуда, ба ин се ҷиҳат таваҷҷӯҳ дорад.
“Муҳимтар аз ҳама, дар конфронс Самарқанд ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 тасдиқ карда шуд. Ин мақом ба мо имкон медиҳад, ки мероси фарҳангии худро бори дигар ба ҷаҳониён нишон диҳем”, - афзудааст вазири фарҳанги Ӯзбекистон.
Ҳамин тавр, пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2024 шаҳри Шуша дар минтақаи Қаробоғи Озарбойҷон эълон гардидааст.
Дар ин конфронс ҳамаи вазирони Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) ширкат доштаанд. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам иштирок ва суханронӣ намудааст.
Бояд гуфт, ки соли 2020 шаҳри Бухорои Ӯзбекистон пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом ва соли 2022 шаҳри Работи пойтахти давлати Марокаш пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом эълон шуда буданд. Соли 2021 ин мақомро шаҳри Давҳаи Қатар сазовор гардида буд.
Қобили зикр аст, ки соли 2010 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом эълом гардида ва дар ин замина дар пойтахти кишвар як қатор конфросу ҳамоишҳо баргузор гардида буданд.
Ёдрас мекунем, ки Бухорову Самарқанд ду шаҳри қадима ва марказҳои тамаддуни тоҷикон буданд, ки дар замони Шӯравӣ ба қаламрави кишвари Ӯзбекистон вогузор гардиданд. Аммо то ба ҳол тоҷикони зиёд дар ин ду шаҳр иқомат мекунад ва забони гуфтугӯяшон ҳам бештар тоҷикӣ мебошад.
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
“Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар
Дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба равуои нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд
Сафи муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар Русия сол то сол камтар мешавад
Даромади солона аз канали Қуштеппа дар Афғонистон 500 млн доллар арзёбӣ шуд
Дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва радарҳо фаъол мешаванд
«Салом, тобистон!»: чӣ гуна "Азия-Плюс" кӯдаконро шод кард
Нақлиёт ва корхонаҳо. Ҳавои Тоҷикистонро чӣ бештар аз ҳама ифлос мекунад?
Дар Душанбе 500 нафар дорои бемории катарактаро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
“Ғолибият – муъҷиза, мусовӣ - бо эҳтимоли кам”. Тоҷикистон то куҷо имкони ғалаба бар Урдунро дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста