Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон зимни як мусоҳиба ба хабарнигори “Egemen Qazaqstan” гуфт, ки сарқонуни кишварашро тағйир намедиҳад ва номзадиашро ба интихоботи президентии соли 2026 пешбарӣ намекунад.

Матни пурраи мусоҳибаи Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар сомонаи “Egemen Qazaqstan” бо забони қазоқӣ нашр шудааст. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

“Тибқи конститутсияи феълии Қазоқистон, президент метавонад барои як давраи ҳафтсола интихоб шавад, ки салоҳияташ пас аз он ба итмом мерасад”, - гуфтааст Қосим-Ҷомарт Тоқаев.

Тоқаев овозаҳо дар бораи нақшаи баргузории ҳамапурсӣ оид ба тағирот ба Конститутсияро рад карда, таъкид намудааст, ки қоидае, ки бар асоси он президент танҳо як маротиба интихоб мешавад, “дигар ҳеҷ гоҳ тағир нахоҳад ёфт”.

Ӯ гуфтааст, дар бораи идеяи як давраи ҳафтсолаи президентӣ 15 сол пеш дар муҳокимаҳои пӯшида сухан карда буд, аммо баъдан ин пешниҳод “дастгирии бештар пайдо накард”.

“Пас аз интихоб шуданам ба мақоми президентӣ дар соли 2019 кишвари мо ба самти демократисозии низоми сиёсӣ, таъмини озодии ҳаёти ҷамъиятӣ ва озод кардани иқтисод аз инҳисор қадам гузошт”, - афзудааст Тоқаев.

Ҳамчунин, дар ин мусоҳиба Қосим-Ҷомарт Тоқаев омилҳои аслии ҳаводиси моҳи январи соли 2022-ро шарҳ додааст.

Ба андешаи Тоқаев, “масоили чандинсолаи ҳалношудаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва карахтии умумӣ” боиси ҳодисаҳои январии соли 2022 шудаанд.

Тоқаев гуфтааст тасмими “демократисозии низоми сиёсӣ, озодсозии ҳаёти ҷамъиятӣ, аз инҳисор баровардани иқтисодиёт”, ки ӯ пеш гирифт, ба афроди бонуфуз хуш наомадааст.

“Гуруҳи афроди баландмақом дар мақомоти қудратӣ ва олами ҷиноӣ нуфузи зиёд доштанд ва ба ҳамин хотир талош карданд, ки қудратро бо роҳи хушунат ба даст гиранд. Дар талоши табаддулоти давлатӣ тундгароён, олами ҷиноӣ, тундгароёни динӣ якҷоя иштирок карданд”, - гуфтааст Тоқаев.

Ибтидои моҳи январи соли 2022 эътирозҳо нахуст дар вилояти Мангистауи Қазоқистон зидди болоравии қимати газ ташкил шуданд. Рӯзҳои баъдӣ сокинони шаҳрҳо ва минтақаҳои дигари Қазоқистон ба эътирозҳо пайвастанд ва дар бархе ҷойҳо эътироз ба хушунат табдил шуд. Мақомоти Қазоқистон он ҳодисаҳоро ҳамлаи террористон ва талоши табаддулоти давлатӣ унвон карданд.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки сӯи эътирозгарон тир кушоянд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 238 кас кушта шудааст. Ҳазорон каси дигар боздошт шуд, ки қисме аз онҳо бо айби “иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ”, содир кардани “амали террористӣ” зиндонӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.