Доду вой дар атрофи боло рафтани нарх дар арафаи Рамазон ҳам дигар як анъанае шудааст. Қаламбадастоне ҳам дорем, ки аз қабл ба табл задан оғоз мекунанд, чун ин хабар-падида серхаридор аст, зеро ба манфиати ағлаби мардуми кишвар марбут мебошад...
Вале дар ин хусус, ки чаро нархҳо дар бозор баланданд ва баландтар мешаванд ва роҳҳалли дастрас кардани онҳо чист, камтар матолиб ба мушоҳида мерасад.
Табиист, ки нархро дар бозор ниёз таъин мекунад. Яъне ҳаҷми маҳсулоте, ки ба бозор ворид мешавад, ба мизоне аст, ки бо ҳамин нархҳои баланд харидор дорад. Ин падида бозгӯи шикоф дар байни қишрҳои ҷомеа аст, ки падидаи матлубе нест ва таҳлилу пажӯҳиши онро ба ҷомеашиносон вомегузорем...
Савдогарро касе наметавонад ва набояд маҷбур кунад, ки арзон фурӯшад, дар иқтисоди бозорӣ чунин қоида нест. Дахолати ноҷо фақат ба камёб, бесифат ва боз ҳам гарон шудани нарх боис мешаваду бас. Нопадид шудани гӯшти барра дар бозорҳои Душанбе таъйиди ҳамин назар аст. Дар натиҷаи фишор бар қассобон барои “гарон” нафурӯхтани гӯшти барра, онҳо аз фурӯши он даст кашиданд, зеро барояшон суде намеорад...
Дастрас кардани нархи маводи ғизоии аввалия ду роҳ дорад. Роҳи аввал ба бозор ворид кардани ин мавод аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ бо нархи арзон мебошад. Ин роҳ истисноист ва дар мавориди хос, аз қабили замони ҷанг, пандемӣ ва ғайра аз он истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз ҳама ин роҳ ба буҷа бори изофа меорад, дуввум, як омили фасод аст ва сеюм, ба варшикаста шудани фурӯшандагони маҳсулоти ғизоӣ оварда метавонад. Хулоса ин роҳ зидди иқтисоди бозорӣ ва дар ҳоли ҳозир номатлуб аст.
Роҳи дуввум ва аслӣ бо сохтани фазои озод ва мусоиди соҳибкорӣ, фаровон гаштани маҳсулоти мазкур ва ба вуҷуд омадани рақобати солим муҳайё мешавад, ки дар натиҷа ба боло рафтани сифат ва поён омадани нарх мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин фаъол гаштани соҳибкорӣ дар кишвар ҷойҳои корӣ месозад ва тавони харидории мардумро боло мебарад.
Вале ҳайҳот!
Мисли ин ки ҳатто пандемии вируси куруно ба мо панде надод. Ба ҷои фароҳам кардани фазои сармоягузорӣ ва сохтани ҷойҳои корӣ дар кишвар, ҳама чашмбароҳи кушодашавии парвоз ба Русия ҳастем...
Бознашр аз саҳфаи фейсбукии муаллиф.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста