Имрӯз, 10-уми январ, Қироншоҳ Шарифзода, муҳаққиқи таърихи журналистика, журналисти хушном ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба синни 66-солагӣ қадам гузошт. Ба ин муносибат талош кардем, лавҳае нависем, ки дунёи ботиниашро кушояд, андешаву афкорашро бозгӯӣ кунад, қавоини рӯзгорашро нишон диҳад.

Вожаҳои муҳимтарини зиндагии Қироншоҳ Шарифзода озодӣ, шарифӣ ва покизагӣ аст. Ӯ озодахоҳ, озодафикр, озодакор ва озодамард мебошад. Зиндагии шарифона барояш волотар аз ҳар мансабу унвон будааст.

Севумин чеҳраи “Комсомоли Тоҷикистон”

Қироншоҳ Шарифзода фаъолияти кориашро аз рӯзномаи маъруфи “Комсомоли Тоҷикистон” (имрӯза “Ҷавонони Тоҷикистон”) оғоз мекунад. Мавсуфро шахсан сардабири истеъдодпарвари рӯзнома - Ато Ҳамдам ба кор даъват кардааст.

Ӯ қаламкаширо дар “Комсомоли Тоҷикистон” ба ҳайси журналист шурӯъ карда, бо фаъолияти назаррас хеле зуд ном мебарорад. Баъдан ба ҳайси мудири шӯъба фаъолияташро идома медиҳад. Дар кӯлвори кориаш аз ҳама жанрҳои публистистика матлаб таҳия шудааст.

Ҳайати эҷодии рӯзномаи вақти "Комсамоли Тоҷикистон"
Аз бойгонии Қироншоҳ Шарифзода

Гуфтан ба маврид аст, ки “Комсомоли Тоҷикистон” дар ҳини фаъолияти Шарифзода ва дигар ҳамкоронаш аз серхонандатарин нашрияҳои вақти Тоҷикистон ба шумор мерафт: беш аз 200 ҳазор тираж дошт. Журналистони ин рӯзнома бо нашри розҳои магӯ ва қолабшиканӣ ном бароварда буданд.

Дар ин радиф, Қироншоҳ Шарифзода яке аз чеҳраи матраҳи рӯзнома дониста мешуд. Ӯ дар охирин “Мулоқоти ғоибона” (рубрикаи маъруфи “Комсомоли Тоҷикистон”, соли 1988), ки баъдан сари он дар матбуот зиёд мунозира мешавад, ба ҳайси севумин журналисти шинохтаи рӯзнома сӯҳбат мекунад.

Шарифзода дар ҳамон мулоқот мегӯяд, “аз рӯзноманигорӣ на танҳо розӣ ҳастам, балки бо он ифтихор дорам. Ҳар гоҳе ки ниёзманде аз рӯзнома имдод мехоҳад, бо самимият рози дилро ифшо мекунад, ба дари идора чун ба дари кошонаи адолат даст мезанад, меҳрам ба касбам дучанд мешавад”.

Шореҳи парлумони Тоҷикистон

Дар ибтидои солҳои 1990-ум рӯзноманигори шинохта Муродулло Шерализода барои таъсиси рӯзномаи “Садои мардум” Қироншоҳ Шарифзодаро ба кор даъват мекунад. Ӯ қариби 20 сол шореҳи нашрияи парлумонии Тоҷикистон будааст.


Фаъолияти солҳои 1990-уми Қироншоҳ Шарифзода дар нашрияи парлумонӣ бо рубрикаи “Мизи мудаввар” оғоз оғоз мешавад. Ӯ дар “Садои мардум” бо раису муовинони Маҷлиси Олӣ, раиси Суди Олӣ ва дигар вазирону сафирону масъулони идораҳои давлатӣ силсиламусоҳибаҳо таҳия кардааст.

Ғайр аз ин, Шарифзода дар ин нашрия бо вакилони вақти мардумӣ, чеҳраҳои шинохта ва шахсиятҳои матраҳи дирӯзи имрӯз мусоҳибаҳо оростааст.

Ба андешаи ҳамкоронаш, мусоҳиба ва матлабҳои Қироншоҳ Шарифзода дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кул фазои ин замонро инъикос карда метавонад.

Инқилоб ё таҳаввулот?

Справка по теме

Қироншоҳ Шарифзода 10-уми январи соли 1958 дар деҳаи тоҷикнишини Порашти ноҳияи Фориши Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёнаи тоҷикии №13 ба номи Рӯдакии зодгоҳашро хатм кардааст. Хориғуттаҳсили шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи ДМТ (1980) ва факултаи ҳуқуқшиноси ДИТ (2008) аст. Солҳои 1980-1990 ба ҳайси журналист ва мудири шуъбаи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва солҳои 1990-2009 ба ҳайси шореҳ ва мудири шуъбаи нашрияи “Садои мардум” кор кардааст. Соли 1982 чун тарҷумон ба Афғонистон рафт. Аз соли 1996 дар ДМТ ба журналистон дарс мегӯяд. Соли 2012-2014 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон буд. Муассиси маҷаллаи “Ҷомеа”, ки ҳоло нашр намешавад, мебошад. Донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва олмонӣ аст. Муаллифи 8 китоб аст. Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.

Аз сӯи дигар, дар масири шоҳроҳи журналистӣ фаъолияти холисонаи Қироншоҳ Шарифзода боис ба ситоиш аст. Мавсуф ҳеҷ вақт узви ҳеҷ ҳизбе набудааст, ҷонибдории ҳеҷ гурӯҳеро накардааст ва ҳамеша интихоби худро доштааст.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қавли Шарифзода, фаъолияти журналисти парлумонро душвор карда буданд: “як сухани оддӣ метавонист як майдонро ба шӯр оварад”.

Дар ин бора Қироншоҳ Шарифзода ба инҷониб гуфта буданд, “агар аз майдони “Озодӣ” як саҳифа матлаб менавиштам, ҳатман аз майдони “Шаҳидон” бар ҳамон ҳаҷм мақолаи воқеъбинона ба чоп месупоридам”.

“Ҳар суханро бар тарозуи андеша бармекашидам, сари ҳар ҷумла фикр мекардам ва бар ҳар майдон ҳаққи баробар медодам”, - таъкид мекунанд Шарифзода.

Ин аст, ки Қироншоҳ Шарифзода ҷангу хунрезиро маҳкум мекунад ва ба таъйиди ин афкор мегӯянд, “инқилобро дӯст намедорам, табадуллотро намеписандам, мехоҳам ҳама кор табиӣ, бо роҳи таҳаввулот анҷом дода шавад”.

Устоди журналистика

Қироншоҳ Шарифзода бо пофишориҳои профессор Воҳид Асрорӣ соли 1996 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст ва то ҳол дар ин даргоҳ ба тарбияи рӯзноманигорон машғул аст.

Ба гуфтаи профессор Иброҳим Усмонов, Қироншоҳ Шарифзода устодест, ки сухани гуфтанӣ дорад, андешаро ба вуҷуд меорад ва худаш дар амалия татбиқ мекунад.

“Қироншоҳ устоди падармонанд аст, дар баробари омӯзонидани назария, роҳи татбиқи онро ҳам нишон медиҳад. Гоҳо навозиш мекунад ва гоҳо ҷанг, ки ин худ протсесси тарбияи фарзанд аст”, - мегӯяд профессор Усмонов.

Ҳамин тавр, пас аз солҳои мадиди омӯзгорӣ Иброҳим Усмонов меафзояд, “қалами ҳар журналист ба таври худкор пеш аз номи Қироншоҳ “устод” менависад”.

Устодони факултети журналистикаи ДМТ
Аз бойгонии Қироншоҳ Шарифзода

Худи Қироншоҳ Шарифзода ҳам андеша дорад, ки муаллими факултаи журналистика пеш аз ҳама бояд журналист бошад, таҷрибаи кор дар ин соҳаро дошта бошад, азоби рӯзноманигориро чашида бошад.

Вагарна ҳаққи маънавии ба журналистони оянда дарс гуфтанро надорад!

Муҳаққиқи аввалин рӯзномаи тоҷикӣ

Саҳми Қироншоҳ Шарифзода дар таҳқиқ, омӯзиш ва банду басту овардани аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - “Бухорои шариф” бениҳоят зиёд аст. Гарчанде то ин солҳо бештар аз 40 муҳаққиқи ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи ин рӯзнома пардохта бошанд ҳам, то соли 2012 танҳо чанд шумораи “Бухорои шариф” дар Тоҷикистон, дар архиви шахсии Пайванди Гулмуродзода, Усмонҷон Ғаффоров ва Абдухолиқи Набавӣ маҳфуз буду халос.

Маҳз бо пешниҳоду дархости Қироншоҳ Шарифзода ва мусоидати мансабдорони давр Салими Аюбзод, рӯзноманигори тоҷиқ ва Наҷмиддини Ковиёнӣ, пажӯҳишгари тоҷиктабори афғонистонӣ аз китобхонаи Ҳолланд нусхаи ҳудуди 100 шумораи “Бухорои шариф”  дар шакли электронӣ ба Тоҷикистон оварда шуд. 53 шумораи он, ки барои таҳқиқоти мукаммали илмӣ мебоист мавҷуд бошад, дастрас набуд. Боз Шарифзода буд, ки аз Китобхонаи миллии Ӯзбекистон нусхаҳои боқимондаи “Бухорои шариф”-ро пайдо ва ба Тоҷикистон овард.


Хулосаи аввалин тадқиқоти Қироншоҳ Шарифзода дар соли 2006 дар маҷмӯаи “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ” ба табъ расида буд. Баъдан, Шарифзода он 100 шумораи ҷадидро мавриди баррасӣ қарор дода, дар арафаи ҷашни 100-солагии рӯзнома китоби тадқиқотие бо номи “Бухорои шариф”: назаре пас аз 100 сол” таълиф кард. Ахиран китоби дигари мавсуф дар бораи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи “Чаҳор мақола” ба нашр расид.

Қонунҳои зиндагии Шарифзода

Қонуни зиндагии Қироншоҳ Шарифзода озода зистан аст. Ба қавли ӯ, инсон пеш аз ҳама бояд озода бошад, озодагиро писандад ва озодагонро дӯст дорад.

Қироншоҳ Шарифзода сархамиро маҳкум мекунад, лаббайкро бад мебинад, аз тамаллуқ нафрат дорад. Ӯ вораста аст, ворастагонро меписандад.

Қироншоҳ Шарифзода аз журналистонест, ки дилаш ба журналистика месӯзад. Бисёр мехоҳад, ки журналистикаи тоҷик ҳам озода ва вораста бошад: “журналист бояд на ба шахсе, на ба мақоме, балки ба ҷомеа хизмат кунад”.

Қироншоҳ Шарифзода ва муаллиф
Акс аз муаллиф

Қироншоҳ Шарифзода эҳсоси миллӣ дорад, худшинос аст ва на бо забон, балки бо амал онро собит мекунад. Яке аз ташаббусҳои миллияш, Рӯзи матбуоти тоҷикро ба рӯзи таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - “Бухорои шариф” иваз кардан аст.

Қироншоҳ Шарифзода намехоҳад ба дигарон монанд бошад. Кори номзадии ӯ тақрибан омода аст, вале онро ҳимоя намекунад. Шояд намехоҳад худро бо бархе “унвондорҳо” баробар кунад.

Бо ин вуҷуд, ҳамкасбону ҳамовардонаш иқрор мешаванд, ки Қироншоҳ Шарифзода аз аксарияти олимони унвондори соҳаи ВАО бештару беҳтар дар тадқиқи он хидмат кардааст.

“Агар ҳамаи таҳлилҳои комилшудаашонро дар соҳаи ҳуқуқу одоби рӯзноманигорӣ ва таърихи журналистика ҷамъ оварем, на кам аз 500 саҳифаи илмӣ мешавад. Агар ӯ унвон нагирифта бошад ҳам, худ профессору академик аст ва ақидаву илму хирадаш аз ин ҳам болост”, - мегӯяд Иброҳим Усмонов.

Мавлуди инсони шариф, рӯзноманигори вораста ва муҳаққиқи пуркор Қироншоҳ Шарифзода хуҷаста бод!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.