Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо як бохт ва як мусовӣ дар давраи 17-уми Ҷоми қаҳрамонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик, дар ҷадвали гурӯҳи “С” дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Ҷоми Иттиҳод бо ширкати 16 даста рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Маскав оғоз гардида, то 25-уми январ идома хоҳад кард.
Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода нахустин бозиашро бо қаҳрамони Эстония дастаи “Левадия” мусовӣ 1 бар 1 анҷом дод. Дар вохӯрии дуюм дастаи мо бо натиҷаи 1 бар 2 аз тими “Шериф” Тирасполи Молдова шикаст хӯрд.
Пагоҳ 20-уми январ, дар охирин бозии гурӯҳӣ, “Регар-ТадАЗ” бо ҳайати дуюми тими “Шахтёр”-и Украина зӯрозмоӣ мекунад. Сарфи назар аз ин ҳама, дастаи “Регар-ТадАЗ” ҳанӯз шонси баромадан аз зергурӯҳро дорад. Аммо ин, танҳо дар сурати шикасти “Левадия” аз пешсафи гурӯҳ - дастаи “Шериф”-и Молдова ва ғалабаи “Регар-ТадАЗ” бар тими “Шахтёр”-и Украина имконпазир мегардад. Бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Шахтёр” пагоҳ соати 17 ба вақти Душанбе, дар варзишгоҳи Динамои шаҳри Маскав оғоз мешавад.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста