Дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор шуд, ки ғолиби Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2012 бо 30 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 6,2 ҳазор $) ва дастаи мағлуб дар бозии ниҳоӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2012 рӯзи 5-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Ғайр аз ин, тасмим гирифта шуд, ки бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷомии олӣ (Суперкубок)-и Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки қаблан бозиҳо барои дарёфти Ҷоми олии Тоҷикистон ҳамагӣ се маротиба баргузор шуда, дар ҳамаи бозиҳо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастболо шуд.
Дар ҳамин ҳол, ноиби президенти ФФТ Азизбек Раҷабов аз даст кашидани чанде аз дастаҳо барои иштирок дар мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон изҳори таассуф намуд.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
sir.Siddiqov17 июл, 2012 21:08
боиси хушнуди мебошад, ки футболи точик кадам бапеш гузошта истодааст. Чунин мукофот пулихо агар чи каму беш хам бошад лекин нишондихандаи пешрафти футболи точик аст. Ин гуна мукофотхо метавонанд бозии футболро миёни дастахо чолибтар гардонад. БА ПЕШ ФУТБОЛИ ТОЧИК