Дар ҷашни табрики дастаи олимпичиёни Тоҷикистон, ки шоми дирӯз дар «Боғи пойтахт»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки мақомоти шаҳрдорӣ ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада Мавзуна Чориева манзили сеҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе тақдим мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, ба Мавзуна Чориева дар яке аз манзилҳои баландошёна дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ манзили зист ҷудо гардид.

«Раиси пойтахт аз адибону шоирони кишвар даъват кард, ки дар пайравӣ ба шоири бузурги форсу тоҷик Фирдавсӣ, ки дар «Шоҳнома»-и ҷовидонаи худ қаҳрамонии тоҷикдухтар Гурдофаридро бомаҳорат васф намудааст, ба ифтихори Мавзуна Чориева низ достоне биофаранд», - зикр кард Ш.Саидов ва илова намуд, ки М.Убайдуллоев ваъда кард, ки муаллифи достони беҳтарин дар бораи Мавзуна қадрдонӣ хоҳад шуд.

Дар ин чорабинӣ бо иштироки дастаи олимпии Тоҷикистон ва сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик раиси пойтахт ба ҳамаи варзишгарони тоҷик, ки ба ифтихори онҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ парчами кишвар парафшонӣ мекунад, изҳори миннатдорӣ намуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи таъини мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии XXX-ум аз Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Мутобиқи он ба варзишгари тоҷике, ки медали тило ба даст овард, 300 ҳазор сомонӣ, ба дорандаи медали нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин карда шуд.

ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Лондон аз Тоҷикистон туҳфа кардани автомобилҳои тамғаи «Лексус» изҳори омодагӣ кард.

Чанде қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ваъдаи ба ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 миёни варзишгарони тоҷик тақдим кардани манзили дуҳуҷрагиро тасдиқ намуд.