Дар Бозиҳои параолимпии Лондон Тоҷикистонро як нафар варзишгар – Парвиз Одинаеви 30-сола дар навъи варзиши пауэрлифтинг намояндагӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқоти интихобӣ дар Дубай оид ба пауэрлифтинг Парвиз Одинаев зинаи дуюмро ишғол намуда, дар рейтинги ҷаҳонӣ то зинаи чорум боло рафт ва роҳхат ба Бозиҳои параолимпиро дарёфт кард.

Бозиҳои параолимпӣ дар Лондон аз 29-уми август то 9-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар бозиҳои мазкур барои ба даст овардани медалҳо дар 20 навъи варзиш қувваозмоиҳо сурат мегиранд.

Шоми дирӯз ҳайати дастаи Тоҷикистон, ки ба ҷуз Парвиз Одинаев, аз мураббиву намояндагони мақомоти раҳбарии Кумитаи параолимпии ҷумҳурӣ иборат аст, тавассути хатсайри Душанбе-Киев-Лондон озими пойтахти Британияи Кабир шуд.