Даҳаи дуюми моҳи октябр президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини ба Тоҷикистон меояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов хабар дод, сафари собиқ футболбози машҳури дастаи мунтахаби Фаронса ва феълан роҳбари УЭФА ба Тоҷикистон дар доираи боздиди ӯ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ анҷом мепазирад.
Ба қавли Турсунов, Платини баъди боздид аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. «Ҳарчанд то ҳанӯз барномаи сафари Мишел Платини ба Тоҷикистон таҳия нагардида бошад ҳам, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ӯ бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли гузашта низ Федератсияи футболи Тоҷикистон эълом дошта буд, ки Мишел Платини аз Тоҷикистон боздид мекунад, вале бо сабабҳои номаълум, сафари ӯ мавқуф гузошта шуда буд.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста