Рӯзҳои 27-28-уми декабри соли 2012 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни ҷавонон, барои пос доштани номи устоди варзиши Қазоқистон, Кабден Байдосов баргузор гардид.
Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекисон, Россия ва Тоҷикистон дар ҳайати 350 нафар ширкат намуданд.
«Чаҳор паҳлавони тоҷик аз гӯшаҳои мухолифи Тоҷикистон ба майдон баромаданд ва миёни онҳо Фирӯз Ёқубов дар вазни 85 кг барандаи медали тило гардид», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, Фирӯз дар даври аввал озод ва баъдан варзишгари қирғизро мағлуб намуд ва ҳамчунин дар даври савум варзишгари мизбонро шикаст дод. «Дар даври ниҳоӣ бо варзишгари Қазоқистон бо натиҷаи баланд дастболо гардида, барандаи зинаи ифтихорӣ шуд», - афзуд номбурда.
Зикр гардид, ки Фирӯз Ёқубов ҷоизадори Чемпионати Осиё (Таиланд-2011) ва ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста