Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти Чемпионати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи КМВА «Помир» дар майдони худ бар дастаи «Вахш» (Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуда, бори нахуст дар чемпионат ба ғалаба ноил гардид.

Пешсафи чемпионат – дастаи «Равшан» (Кӯлоб) дар сафар бозиро бо дастаи Хуҷанд (Хуҷанд) мусовӣ 1 бар 1 анҷом дода, бори нахуст дар чемпионат 2 имтиёзро аз даст дод.

Ду бозии дигари ин давр миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Истиқлол» (Душанбе) бо фоидаи меҳмонон – дастаи «Истиқлол бо ҳисоби 2 бар 0 ва байни дастаҳои «Энергетик» (Душанбе) ва «Хайр» (Ваҳдат) низ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи «Хайр» анҷом ёфт.

Айни замон мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот ба таври зайл аст:

 

  Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1.

«Равшан»

12

11

 1

0

18-3

34

2.

«Истиқлол»

13

11

0

2

37-6

33

3.

«Хайр»

14

7

5

2

22-13

26

 4.

 «Регар-ТадАЗ»

 12

 6

 2

 4

 14-13

 20

 5.

 «Энергетик»

 13

 4

 3

 6

 12-15

 15

 6.

 «Хуҷанд»

 13

 3

 5

 5

 11-15

 14

 7.

 «Парвоз»

 12

 3

 4

 5

 10-19

 13

 8.

 «Вахш»

 11

 2

 2

 7

 4-11

 8

 9.

 ССКА «Помир»

 13

 1

 4

 8

 7-17

 7

 10.

 «Истаравшан»

 11

 0

 2

 9

 6-29

 2

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр»/ «Истиқлол») – 11тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 5-тӯбӣ.