Нимҳимоятгари 22-солаи ганагӣ Дэвид Мауто, ки ду мавсими ахир дар дастаи «Равшан»-и Кулоб ҳунарнамоӣ карда, бо ин даста ду маротиба ба унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол шарафёб гардид, ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гузашт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», бо Дэвид Мауто ба муҳлати як сол қарордод баста шуда, ӯ барои худ рақами 14-умро интихоб кардааст. «Субҳи рӯзи якшанбе нимҳимоятгар ба Гана раҳсипор шуда, санаи 20-уми январ ба даста ҳамроҳ мешавад», - менависад сомонаи даста.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими футболи соли 2013-и Тоҷикистон Дэвид Мауто легионери беҳтарин дониста шуд. Ғайр аз ин, тибқи натиҷагирии ҳафтавори «Варзиш-Спорт», футболбози Гана беҳтарин бозигари мавсими соли 2013-и футболи Тоҷикистон эътироф карда шуд.