Дар рейтинги нишондиҳандаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) миёни 46 кишвар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон зинаи 26-умро ишғол мекунад .
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, агар то ахири сол дар ин рейтинг ҳеҷ тағийрот ба вуҷуд наояд, пас дар мавсими соли 2015 Тоҷикистонро дар мусобиқоти Ҷоми КФО ду даста намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳолат чемпиони Тоҷикистон мусобиқотро аз даври гурӯҳӣ ва дорандаи Ҷоми футболи миллӣ аз марҳилаи интихобӣ оғоз мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар рейтинги КФО мақомҳои аввалро дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саъудӣ ва Эрон ишғол мекунанд.
Рейтинги КФО шумораи ҷойҳои кишварҳои конфедератсия дар мусобиқоти минбаъдаи Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО муайян мекунад.
Кишварҳое, ки дар зинаи аз 1 то 24-ум қарор доранд, ба иштирок дар мусобиқоти Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО ҳуқуқ доранд. Ду дастаҳои кишварҳои зинаҳои аз 25 то 32-юм дар мусобиқоти Ҷоми КФО ширкат варзида, ду дастаҳои давлатҳои дар зинаҳои 33-47-ум қарордошта дар давраҳои интихобии Ҷоми КФО қувваозмоӣ мекунанд.
Даргузашти Аслиддин Достиев, рӯзноманигори тоҷик дар синни 64-солагӣ
Омодагӣ ба ваксиназанӣ ё хуруҷи дигарбораи “COVID-19”? Табибон боз хона ба хона мегарданд
“Толибон” гуфтанд баста шудани мактабҳои духтарона ба мушкилоти барномаи таълимӣ рабт дорад
Аз 5 ҳазор то 6,5 ҳазор сомонӣ. Билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия боз гарон шуданд
Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Батуми
Cтафилококки ошпазҳо ба заҳролудшавии 22 нафар дар Исфара боис гардид
Дар Чемпионати CAFA футболбозони тоҷик мунтахаби Қирғизистонро ҳам мағлуб карданд
Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд
Сокинони Тоҷикистонро минбаъд аз қатъи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста