Варзишгарони ҷавони тоҷик ба Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин ду роҳхат ба даст оварданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар мусобиқаи литсензионии чемпионати Осиё оид ба гӯштии озод ва гӯштии юнониву румӣ байни наврасон, ки аз 8-ум то 11-уми май дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, паҳлавонони навраси тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза бурдаанд.
«Фирӯз Ёқубов дар намуди гӯштии озод дар рақобатҳо дар вазни то 100 кг мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай, инчунин, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи дувуми наврасон гардид», - хабар медиҳад КМО ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, роҳхати дувумро барои Тоҷикистон Тоҳирҷон Охунов овардааст. Вай, ки дар намуди гӯштии юнониву румӣ дар вазни то 85 кг ҷойи дувумро гирифт, бо медали нуқра ва роҳхат ба Олимпиадаи Нанҷинг сарфароз шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд.Ба барномаи бозиҳо 15 риштаи варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш, ба мисли бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ, тирандозӣ, варзиши сабук, гӯштии озод, гӯштии юнониву румӣ, камонварӣ ва ғайра барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон талош доранд.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста