Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 1-ум то 8-уми август дар вилояти Суғд Фестивали футбол барои кӯдакону наврасон баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо истинод ба Федератсияи футболи вилоят, баргузории фестивал дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, фестивал санаи 1-уми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» - и шаҳри Хуҷанд, 2-уми август дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров, 4-уми август дар шаҳри Исфара, 6-уми август дар шаҳри Истаравшан ва 8-уми август дар шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин чорабинӣ иштироки 1150 нафар писарону духтарон дар назар аст.