Дар Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ) дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз 92 варзишгар иборат аст, алҳол ба ҳеҷ дастоварде ноил нагардид.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар сабқати дзюдо ду варзишгари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) –дар рақобат барои медалҳои биринҷӣ ва инчунин варзишгари тоҷик Расул Абдушарифов (-66 кг) низ ба нокомӣ дучор гардида, ҳар се ҷойҳои 5-умро соҳиб шудааанд.
Боз чор паҳлавони дигари тоҷик - Каъбатулло Аминов (-60 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарҳод Раҳимов (-81 кг) ва Дадахон Қурбоналиев (-100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Мунтахаби дзюдои Тоҷикистон рӯзи имрӯз дар сабқати дастаӣ ширкат мекунад.
Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII осиёӣ бар тими Умон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифт ва рӯзи 26-уми сентябр бо дастаи мунтахаби Ироқ қувваозмоӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Чин ба ҷойи аввал баромад. Варзишгарони Чин то ҳоло ҳамагӣ 58 медал – 26 тилло, 14 нуқра ва 18 биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣбо касби 45 медал - 14 нишони тилло, 15 нуқра ва 16 биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 42 медал - 13 нишони тилло, 13 нуқра ва 16 биринҷӣ дар мақоми севуманд. Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон то 4-уми октябр идома меёбанд.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста