Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври 15-уми мусобиқаи Лигаи олии фуболи мамлакат дар сафар бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо  гардида, якчанд давр пеш аз анҷоми мусобиқа маротибаи сеюм қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд.

Бозиҳои дигари ин давра чунин анҷом ёфтанд: КМВА «Помир» - «Далерон» - 1:1; «Равшан» - «Регар ТадАз» - 0:0; «Парвоз» - «Вахш» - 1:0 ва «Хайр» - «Энергетик» - 3:0 (бохти техникӣ).

Бозии «Хайр» (Ваҳдат) бо «Энергетик» (Душанбе) бинобар сабаби ба вохӯрӣ ҳозир нашудани дастаи ҷавонони душанбегиҳо доир нагардида, ба дастаи «Энергетик» бо ҳисоби 3 бар 0 бохти техникӣ ҳисобида шуд.

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи назоративу интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи аз мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дар соли 2014 хориҷ кардани дастаи «Энергетик» тасмим гирифта мешавад ва дар ин сурат, дар ҳамаи бозиҳои боқимонда дар ин мавсим ба даста бохти техникӣ (0:3) ҳисобида мешавад.