Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии кмарбандӣ, ки миёни писарону духтарони наврас (15-17-сола) имрӯз дар деҳаи Тюлячии Тотористон оғоз гардид, ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа, ки то 16-уми декабр идома меёбад, варзишгарони Қазоқистон, Украина, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Сербия, Арманистон, Гурҷистон, Эрон ва дигар кишварҳои дунё низ иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, бо иштирок дар рақобатҳо паҳлавонони наврас натанҳо дастболо шудан бар ҳариф, балки ҳисси эҳтиром гузоштан ба ӯ ва фарҳангу анъанаҳои ин намояндаи ин халқро меомӯзанд.

«Мусобиқаи сатҳи байнулмилалӣ ҳамчунин ба гӯштигирони наврас имкон медиҳад, ки бо шаҳру кишварҳои нав ва ҳаёти мардуми он аз наздик ошноӣ пайдо кунанд», - омадааст дар хабари Кумитаи миллии олимпии кишвар.