Бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо, имрӯз дар бораи таъсиси Ҷоизаи Президенти ҶТ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ фармони сарвари давлат ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи ин фармон, маблағгузории Ҷоизаи Президенти ҶТ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии сарвари давлат амалӣ карда мешавад.

Президент ба ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки дар мӯҳлати 2 моҳ Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаро таҳия ва тасдиқ намуда, масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣӣ марбут ба ин фармонро ҳал намояд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ дар маҷмӯъ 897 медал – 250 медали тилло, 243 медали нуқра ва 404 медали биринҷӣ ба даст оварданд.