Дар мусобиқаи байнулмилалии футболи «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардид, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар бозӣ барои ишғоли ҷойҳои 7-8-ум аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрда, зинаи 8-умро ишғол кард.
Қобили зикр аст, ки дар бозии даври гурӯҳии ин мусобиқа низ дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон бо ҳам вохӯрда, дар он бозӣ футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо гардида буданд.
Ду сол қабл низ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа зинаи 8-ум ва соли гузашта бошад, зинаи 11-умро ишғол намуда буд.
Дар бозии финалии ин мусобиқа дастаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи Финландияро шикаст дода, ба Ҷоми Иттиҳод соҳиб шуд. Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи Беларус бар тими Туркманистон бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб омада, зинаи сеюмро ишғол кард.
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста