Дар бозии финалии мусобиқаи байнулмилалии футболи «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme» миёни наврасони синни таваллудашон на болотар аз соли 2000, ки имрӯзҳо дар шаҳри Осакаи Ҷопон ҷараён дорад, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Эрон қувваозмоӣ мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), аз рӯйи натиҷаҳои марҳилаи пешакӣ футболбозони навраси Тоҷкистон дар гурӯҳи «А» ва футболбозони Эрон дар гурӯҳи «Б» зинаҳои аввалро касб намуда, акнун рӯзи 29 март (оғози бозӣ - соати 07-40 ба вақти Душанбе) дар вохӯрии финалӣ ғолиби мусобиқаро муайян мекунанд. Барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Қирғизистон қувваозмоӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, тибқи регламенти мусобиқа бозиҳои даври финалӣ дар ду қисм ба муддати 30-дақиқагӣ ҳар кадоме гузаронида мешаванд. Дар сурати натиҷаи мусовӣ, вақти зиёдатӣ илова нашуда, зарбаҳои 11-метра ғолибро муайян хоҳанд кард.