Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии юнониву румӣ миёни кӯдакону наврасон ба ватан баргашт. Ин мусобиқаҳо бо иштироки беш аз 300 нафар гуштигирон аз қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё рӯзҳои 5-6 апрел дар шаҳри Утрехти Голландия баргузор шуданд.

Дар ин мусобиқаҳо гуштигирони навраси тоҷик ба дарёфти 4 медал ноил гардиданд. Ҳунарнамоии тарбиятгирандаи ҷамъияти варзишии «Динамо», сокини пойтахт Қурбоншо Коналиеви 11-сола (мураббӣ - Субҳон Абдукаримов) аз ҷониби мутахаасисон баҳои баланд гирифт.

Дар вазни то 32 кило Қ.Коналиев 5 бор қувваозмоӣ намуда, дар ҳамаи қувваозмоиҳо пеш аз муҳлат ғолиб дониста шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ (финалӣ) Қурбоншо бо ҳисоби 8 бар 0 ба ғалабаи соф дастёб шуд.