Ҳайати дастаи футболи «Ал-Қодсия»-и Кувайт рӯзи 13 апрел ҷиҳати баргузории вохӯрии даври чоруми мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо дастаи «Истиқлол» ба Душанбе омад.

Бино ба маълумоти торнамои дастаи футболи «Истиқлол», дар фурудгоҳи пойтахт меҳмононро намояндагони даста пешвоз гирифта, баъди анҷоми расмиёти зарурӣ ҳамроҳи онҳо ба меҳмонхонаи «Шератон» раҳсипор шудаанд.

Сармураббии дастаи «Ал-Қодсия» Рашид Ал-Бадеҳ барои бозӣ бо «Истиқлол» ба ҳайати даста 18 футболбозро дохил кардааст. Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 15-уми апрел соати 18-00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки бозии даври чоруми мусобиқи гурӯҳии Ҷоми КФО миёни дастаҳои «Ал-Қодсия» ва «Истиқлол» рӯзи 18 март дар Кувайт мусовӣ - 2 бар 2 анҷом ёфта буд.