Масъалаи маблағгузорӣ ба фаъолияти дастаи футболи «Энергетик»-и Душанбе қабл аз даври якуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат мусбат ҳаллу фасл шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи футболи «Энергетик» даҳумин дастаи иштирокчии мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар шуда, ба «Барқи тоҷик» табдили ном кард.

«Дар робита ба зиёд шудани шумори дастаҳои иштирокчии Лигаи олии футбол то 10 адад ва назардошти вазъи молиявии дастаҳо, Лигаи миллии футбол тасмим гирифт, ки тақвими бозиҳоро тағйир бидиҳад ва акнун мусобиқа на дар се давр, балки дар ду давр доир гардида, дар мавсими соли 2015 дастаҳои Лигаи олӣ дар маҷмӯъ 18 вохӯрӣ мегузаронанд», - таъкид мешавад дар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон.