Дар шаҳри Душанбе санаҳои 11-12 апрел мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон доир гардид, ки дар он паҳлавонҳои номии ҷумҳурӣ аз рӯи ҳафт вазн миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин мусобиқа варзишгари номии тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар даври ниҳоии рақобатҳо дар вазни то 90 кило Фарҳод Сафаралиевро мағлуб намуда, мақоми аввалро соҳиб шуд.

Бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон гуфта мешавад, ғолибони мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои ҷаҳониву байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард ва вазифаи аслии паҳлавонон ба даст овардани роҳхатҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки чанде қабл, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ доир шуда буд, ки дар он низ ҷойи авввал ва шоҳҷоизаи мусобиқот – мошини сабукрави тамғаи Hynday насиби паҳлавони машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён гардида буд.