Бозии даври чоруми гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Ҷоми Конфедеретсияи футболи Осиё (КФО) миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Қодсия»-и Кувайт дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии пойхтахт бо ғлабаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии «Ҷаҳоннамо», дар нимаи дуюми вохӯрӣ дар дақиқаҳои 54 ва 64-ум Нуриддин Давронов ва Манучеҳр Ҷалилов тавонистанд, ки ду дафъа дарвозаи меҳмононро рахна намоянд.

Гуфта мешавад, Нуриддин Давронов тӯбро аз зарбаи 11-метра пас аз пой афтонидани Фатҳулло Фатҳуллоев вориди дарвоза намуда, Манучеҳр Ҷалилов пас аз партофти капитани даста Дилшод Восиев муаллифи голи дуюми вохӯрӣ шуд.

Ҳамин тариқ то анҷоми ин сабқат натиҷаи бозӣ бетағйир боқӣ монда, дастаи «Истиқлол» бо ин пирӯзӣ шумораи холҳояшро дар гурӯҳи «С» бо «Ал- Қодсия» баробар, яъне 7-то намуда ва ба мақоми аввал баромад.