Дар Ниммарафони 6-уми байнулмилалӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ахири ҳафтаи гузашта доир гардид, миён мардон варзишгари русиягӣ аз шаҳри Самара Юрий Чечун ғалаба ба даст овард.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ниммарафон ба масофаи қариб 22 километр Чечун зинаи аввал, Андрей Петров (Ӯзбекистон) - зинаи дуюм, Вайтака Самуэл (Кения) - зинаи сеюм, Степан Киселев (Русия) - зинаи чорум, Муго Энтони (Кения) - зинаи панҷум ва Иля Петкин (Қирғизистон) - зинаи шашумро ишғол намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ниммарафон миёни занон варзишгари русиягӣ Юлия Чиженко аз шаҳри Санкт-Петербург пирӯзӣ ба даст оварда, Марина Химелевская (Ӯзбекистон) - ҷойи дуюм, Жаннатбек Гулжанат (Қазоқистон) - ҷойи сеюм, Катя Фатеева (Русия) - ҷойи чорум, Ираида Александрова (Русия) - ҷойи панҷум ва Зайнаб Мансурӣ (Эрон) - ҷойи шашумро касб намуданд.

Ёдрас мекунем, ки барои баргузории ин чорабинӣ мақомоти шахрдории Душанбе зиёда аз 202 ҳазор сомонӣ (беш аз 40 ҳазор доллари ИМА) маблағ ҷудо намуда, ғолибон (ҳам байни мардону ҳам байни занон) бо 3,5 ҳазор, варзишгарони ҷойи дуюмро ишғолкарда ҳар кадоме бо 3 ҳазор, ҷойҳои сеюм - 2,5 ҳазор, чорум - 2 ҳазор, панҷум - 1,8 ҳазор ва варзишгарони ба мақоми шашум дастёфта бо 1,5 ҳазор оллари ИМА мукофотпулиҳо қадрдонӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ниммарафони соли гузашта низ тамоми зинаҳои аввалро варзишгарони хориҷӣ касб намуда буданд.