Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Загреби Хорватия ноком шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита миллии олимпии Тоҷикистон, се паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 1-3-юми май дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, шикаст хӯрданд.

Гуфта мешавад, Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило рӯзи 3-юми май дар нахустин қувваозмоияш аз Томас Капра (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар даври аввал аз Дмитро Лучин (Украина) шикаст хӯрд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило аввалин қувваозмоияшро ба Владут Симионеску (Руминия) бохт.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 433 варзишгар (256 мард ва 177 зан) аз 55 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахабҳои Маҷористон ва Туркия бо натоиҷи якхела - 2 медали тилло 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ғолиб шуданд. Мунтахаби  Украина (2-1-0) ҷойи севумро гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа варзишгарон, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқоти интихобӣ 22 гуштигири зӯртарин дар ҳар як вазн ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф хоҳанд шуд.