Рӯзи душанбе, 4 май бозии охирини даври чоруми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва КМВА «Помир» (Душанбе) баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон - тими «Истиқлол» бар ҳарифи худ бо ҳисоби калони 5 бар 1 дастболо шуданд.

Гуфта мешавад, тӯбҳоро аз дастаи Истиқлол» - ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов (4 тӯб) ва капитани даста Дилшод Восиев ва аз дастаи КМВА «Помир» - Давронҷон Тӯхтасунов ба ҳадаф расонидаанд.

Ҳамин тариқ, дар чор даври аввали мусобиқа дастаи «Истиқлол» пайдарҳам пирӯзӣ ба даст оварда, пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқот аст. Вохӯрии навбатиашро дастаи «Истиқлол» рӯзи 8 май бо дастаи «Равшан» (Кӯлоб) баргузор мекунад.