Соли ҷорӣ Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 17 май баргузор мешавад.

Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар доир гардида, дар шаҳри Душанбе иштирокдорон аз мавзеи «Чорбоғ» (ноҳияи Варзоб) ба давидан оғоз намуда, дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт онро ба итмом мерасонанд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи дави миллӣ маъмулан ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр доир гардида, ҳамчунин дар тамоми марказҳои вилояту ноҳияҳо мусобиқаҳои давидан ба масофаҳои гуногун низ баргузор мешаванд.

Дар ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳамаи қишри аҳолӣ, шурӯъ аз роҳбарони вилояту ноҳияҳо ва то ба кӯдакони хурдсол ширкат варзида, ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки бо супориши сарвари давлат, баҳри рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад.