Рӯзи 10 май дастаи “Аҳал”-и Туркманистон ҷиҳати иштирок дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ба шаҳри Душанбе омад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе витсе-чемпиони Туркманистонро ҳайати намояндагии клуби футболи “Истиқлол” истиқбол кард. Баъди гузаштани назоратҳои шиносномавӣ дастаи футболи “Аҳал” дар меҳмонхонаи “Тоҷ Палас” ҷойгир карда шуд. Ситоди мураббиёни “Аҳал” ба бозӣ бо чепиони мо бо худ 16 бозигарро ҳамроҳ овардаст.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол” ва “Аҳал” рӯзи чоршанбеи 13 май, соати 20.45  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки қабл аз бозии охири давраи гурӯҳӣ дастаи "Истиқлол" соҳиби 8 имтиёз буда, барои дарёфти роҳхат ба даври минбаъда мусовӣ дар ин бозӣ барояш басанда аст. Дар вохӯрии аввал миёни ин дастаҳо дар Ашқобод футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2 бар 1 бар соҳибони майдон дастболо шуда буданд.