Дзюдочиёни тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов ба дарёфти медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт ноил гардиданд.

Бино ба иттилои Федератсияи байнулмилалии дзюдо, дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён бар ҳарифони худ аз Фаластину Қазоқистон ғолиб омада, дар қувваозмоии нимниҳоӣ аз варзишгарони Ҷопон Даики Нишияма бо имтиёзи «юко» шикаст хӯрд.

Гуфта мешавад, дар вазни то 100 кило гуштигири тоҷик Саидҷалол Саидов низ бо ду ғалаба то давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфта, дар рақобат барои баромадан ба даври ниҳоӣ ба шикаст дучор шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт ба ҷуз Комроншоҳи Устопириёну Саидҷалол Саидов аз Тоҷикистон боз гӯштигирон - Хушқадам Хусравов (вазни то 60 кило), Умед Абдураҳимов (то 66 кило), Шуҳратҷони Фахризода (то 73 кило), Фарҳод Раҳимов (то 81 кило) ва Муҳаммад Абдураҳмонов (вазни беш аз 100 кило) ширкат варзиданд.

Мавриди зикр аст, ки Чемпионати Осиё мусобиқаест, ки дар он метавон барои иштирок дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро имтиёзҳои зарурӣ ба даст овард.